Варзишгарони тоҷик дар чемпионати Осиё оид ба ҷиу-ҷитсу ширкат меварзанд

Аз 13-ум то 16-уми сентябри соли ҷорӣ дар  шаҳри Абу-Дабии АМА чемпионати Осиё оид ба намуди варзиши ҷиу – ҷитсу доир мешавад, ки мунтахаби Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба ин риштаи варзин низ ширкат меварзад. Се тан аз варзишгари Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафи кишвари моро дар чемпионати расмии Осиё ҳимоя мекунанд. Миёни бонувон Бобоева Малика дар вазни 45кг, инчунин дар байни писарон Ҷумахонов Ҷумахон дар вазни 62кг ва Назарзода Маъруфҷон дар вазни 94+кг дар чемпионати Осиё оид ба ҷиу-ҷитсу ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Дар ин бора роҳбари Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Давлатов хабар медиҳад.