Туҳфаи Рустами Эмомалӣ ба беҳтаринҳои ҷиу-ҷитсу

Мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу дар чемпионати ҷаҳон, ки моҳи ноябр дар  Абу-Даби баргузор гардид, иштирок намуда, нишонҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ ба даст овард. Ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ бо иштироки намояндагони беш аз 60 кишвари дунё  сурат гирифт. Нишондоди сатҳи баланди варзишгарони тоҷикро ба назар гирифта,  Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ғолибон ва беҳтарин дастпарварони риштаи ҷиу-ҷитсу туҳфаҳо тақдим намуданд.  Туҳфаро аз номи раиси шаҳри Душанбе директори Мактаби махсуси кӯдакон ва наврасони захираҳои олимпии рақами 2-и пойтахт – Ҷаҳонзеб Қармишов ба варзишгарон расонид. Баъд аз он, ки намуди ҷиу-ҷитсу шомили Бозиҳои осиёӣ гардид, дар Тоҷикистон барои рушду инкишофи ин намуди варзиши бразилӣ қадами устувор гузошта шуд, зеро тамрини ҷиу-ҷитсу дар мактабҳои махсуси варзишии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд. Дар ММКНЗО№-2 низ тамрини ҷиу – ҷитсу роиҷ шуд.  Иқдоми мазкур руҳияи варзишгарони наврасро болида гардонида, ҳавасмандии насли наврасро ба варзиш боз ҳам такон хоҳад бахшид.