Тайланд мизбонии чемпионати Осиё оид ба ҷиу-ҷитсуро дар соли 2023 ба дӯш гирифт

Кумитаи тадорукоти Федератсияи Осиё оид ба ҷиу-ҷитсу бо ташкили як ҷаласаи онлайнӣ макони баргузории чемпионати Осиё оид ба ҷиу-ҷитсу байни занон ва мардонро дар соли оянда тасдиқ намуданд. Аъзои мушовара  ба қароре омад, ки  7-умин Чемпионати Осиё оид ба ҷиу-ҷитсу миёни давлатҳои аъзои Федератсия  оид ба Чиу-Читсу дар давлати Тайланд баргузор мешавад. Дар ин чемпионати минтақавӣ танҳо он кишварҳо ё мунтахабҳои иштирок варзида метавонанд, ки ба узвияти Федератсияи Осиё оид ба ҷиу-ҷитсу шомиланд.