Шаш медали ҷиу-ҷитсучиёни тоҷик аз Чемпионати Ҷаҳон

Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу дар Чемпионати Ҷаҳони расми байни чавонон ва калонсолон иштирок дорад, ки ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ бо иштироки намояндагони беш аз 61 кишвари дунё  ҷараён дорад. Аз ҳайати тими миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон як чанд варзишгарон ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ даст ёфтаанд. Дар ҳамин раванд варзишгари умедбахши тоҷик  Муҳаммадсолеҳ Баротов дар вазни 50кг ба гирифтани мақоми аввал ва нишони тиллои Чемпионати ҷаҳон даст ёфт. Дар байни духтарони ҷавон Гадоева Фотимахон дар вазни 48кг зинаи дуюмро ишғол намуда, барандаи медали нуқра гардид. Ҳамчунин  Сабуров Мансур, Набиев Сунатулло ва Мирзоев Фаизалӣ ба гирифтани мақоми сеюми ифтихорӣ даст ёфтаанд.  Дар Чемпионати Ҷаҳон оид ба намуди ҷиу-ҷитсу рақобатҳо байни варзишгарони дорои имконияти ҷисмонияшон маҳдуд низ доир шуд ва дар он ягона намояндаи Тоҷикистон Абдуманон Раҳимов дар вазни 77кг нишони нуқраро ба гардан овезон кард. Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу байни ҷавонон ва калонсолон то рӯзи 11-уми ноябри соли 2021 идома мекунад. Дар маҷмуъ Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 18 варзишгар намояндагӣ дорад.