Се варзишгари ҷиу-ҷитсу соҳибунвон шуданд

Се тан аз дастпарвари Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсу Сабуров Мансурҷон, Бобоҷонзода Фаршед ва Шарипов Алиҷон меъёрҳои номаз ба устоди варзиши ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди ҷиу-ҷитсуро иҷро намуданд. Ҳуҷати тасдиқкунанда ба варзишгарон аз ҷониби мудири варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода дар вазъияти тантанавӣ ба нафарони муваффақ тақдим гардид. Тавре президенти Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Давлатов иброз дошт, ин варзишгарони умедбахш солҳои зиёд аст, ки ба ин риштаи варзиш машғуланд ва дар як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ мақомҳои ифтихориро ба даст овардаанд.