Рӯзи байналмилалии варзиш барои рушд ва сулҳ муборак!

Ҳамасола санаи 6-уми апрел ҳамчун “Рӯзи байналмилалии варзиш барои рушд ва сулҳ” (International Day of sport for Development and Pease) таҷлил карда мешавад. Дар ҳамин замина Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми варзишгарону кормандони соҳаи тарбияи ҷисмониро бо ин рӯз  табрик мегӯяд. Воқеан ҳам  варзиш қосиди сулҳ ва пайвандгари робитаи дӯстии инсонҳо номида мешавад. Мураббиёну дастпарварони Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин санаро ҳамаҷониба дастгирию ҷонибдорӣ намуда, барои тақвият бахшидани сулҳ ва рушди варзиш саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бахшида ба “Рӯзи байналмилалии варзиш барои рушд ва сулҳ” бо ташаббуси Алиҷон Давлатов миёни кормандони Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон семенар-машвар доир шуд.