Анҷоми мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу

Панҷумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу AJP TOUR INTERNATIONAL PRO Душанбе баргузор гардид. Дар ин мусобиқа дар баробари варзишгарони Тоҷикистон ҳамчунин намояндагони кишварҳои Эрон, Ӯзбекистон, Австралия ва дигар ҷиу-ҷитсучиён иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсу кишвар,  мураббиёну доварон иштирок намуданд. Мусобиқаи мазкур дар ҷаҳон бо номи AJP TOUR INTERNATIONAL PRO маъруф аст ва ҳамсола натанҳо дар пойтахти Тоҷикистон, балки дар аксар кишварҳои ҷаҳон баргузор мешавад. Федератсияи байналмилалии ҷиу-ҷитсу ин мусобиқаро ба хотири рушду инкишофи намуди ҷиу-ҷитсу, тақвият бахшидани он дар шаҳрҳои мухталифи дунё аз ҷумла дар Душанбе ҳамасола баргузор мекунад. Чорабини варзишӣ дар доираи ҳамкориҳои хуби Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Федератсияи ҷаҳонии ин риштаи варзиш ташкилу роҳандозӣ карда мешавад. Қувваозмоиҳо  дар ду равияи ин риштаи варзиши бразилӣ – GI ва NO-GI ҷараён гирифт. Баъд аз анҷоми рақобатҳо, ки ҷолибу диданӣ сурат гирифтан, маросими мукофотспорӣ сурат гирифт. Ба ғолибон нишонҳои зебои мусобиқаи байналмлалии AJP TOUR INTERNATIONAL PRO Jiu-Jitsu тақдим шуд.

Бояд гуфт, ки аксари мақомҳои аввали ин мусобиқаро варзишгарони Тоҷикистон ба даст оварданд.