Мусобиқаи кушоди ҷиу-ҷитсу барои дарёфти Ҷоми Пойтахт

Рӯзи 13-уми майи соли 2018 мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба ҷиу-ҷитсу барои дарёфти Ҷоми Пойтахт баргузор мешавад. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ташкил ва роҳандозӣ хоҳад шуд. Мусобиқаи мазкур ба хотири мукаммал намудани дастаи пойтахти кишвар барои иштирок дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷиу – ҷитсу маънидод мешавад. Ҳузури тимҳо аз тамоми минтақаҳои кишвар дар назар аст.