Мусобиқаи ҷумҳуриявии ҷиу-ҷитсу дар фазои кушод

Санаи 25-ум ва 26-уми сентябри соли 2021 дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни чавонон оид ба ҷиу-ҷитсу баргузор мегардад. Тибқи қарори тасдиқнамудаи Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон мураббиёне дастаи худро пешниҳод карда метавонанд, ки узви Федератсия мебошанд ва дорои шаҳодатномаи мурабигӣ аз ин риштаи варзишанд. Ҳайати ҳар як дастаи иштирокчӣ бояд аз 24 варзишгар, як мурабби ва як довар иборат бошад. Инчунин дастаро дар ҳар як вазн  як варзишгар намояндагӣ карда метавонад. Ҳамзамон мутобиқ ба протоколи Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон, варзишгарон бояд қабл аз иштирок дар мусобиқа шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд ва  маълумотнома аз чой истиқомат пешниҳод намояд.

Замима: Низомномаи  Мусобикаи чумхуриявӣ байни чавонон.