Ҷаласаи кории аъзоёни Федератсия ва таҳили якчанд масъалаҳои муҳим

Рӯзи 18-уми апрели соли 2022 бо иштироки роҳбарият, директорони филялҳои минтақавӣ, мураббиён, доварон ва варзишгарон ҷаласаи кории Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа якчанд масъалаҳо мариди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Бояд гуфт, ки Федератсияи байналмилали ҷиу-ҷитсу чанде пеш мураббии шоистаи Тоҷикистон – Давлатов Алиҷон Азизбековичро барои панҷ соли оянда дар мақоми президенти Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб намуд. Дар робита ба ин масъала аъзоёни Федератсия иқдоми мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ҳама якдилона номзадии Алиҷон Давлатовро ба мақоми президенти Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон  дастгирӣ намуданд. Дар идомаи ҳамоиш, ҳамчунин  масъалаҳои барномаи рушди варзиши ҷиу-ҷитсу дар Тоҷикистон, тарбия ва кашфи варзишгарони соҳибистеъдод, таъмини иштироки варзишгарони Федератсия дар мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ, омавигардонии ин намуди варзиш дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.