Ҷаласаи президенти байналмилалии ҷиу-ҷитсу бо Осиёи Марказӣ

07-уми декабр ҷаласаи навбатии Федератсияи байналмилалии ҷиу-ҷитсу бо кишварҳои аъзо аз минтақаи Осиёи марказӣ баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур ба таври онлайн сурат гирифта, дар он президенти Федератсяи байналмилалӣ ва  ва котиби генерали Федератсияи осиёӣ, ҳамчунин 7 кишвари аъзои ин ташкилоти бонуфузи мазкур ширкат намуданд. Дар кори ҷаласа роҳбари Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Алиҷон Давлатов низ иштирок ва суханронӣ кард. Мақсад аз роҳандозии ҳамоиш ин пеш аз ҳама тадбиқи барнома ва таҳрезии нақшаҳо барои ҷаласаи байналмилалӣ, ки баргузорияш рӯзи 12-уми декабри соли 2020 дар назар аст, маънидод карда шуд.