Иштироки варзишгарони тоҷик дар “BUKHARA OPEN-2022”

Рӯзҳои 28-ум ва 30-юми моҳи ҷорӣ дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба риштаи ҷиу-ҷитсу доир мешавад. Варзишгароне, ки хоҳиши сафар ба ин шаҳри кишвари ҳамсоя ва иштирок дар мусобиқаро доранд, бояд дар Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон худро ба қайд гирифта, барои иштирок дар ин мусобиқаи байналмилалӣ сафарбар шаванд. Онҳое, ки сабти ном накардаанд, имконияти сафар ва иштирок дар мусобиқаи кушоди шаҳри Бухороро надоранд. Бояд гуфт, ки Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон давоми солҳои охир бо намояндагони ин риштаи варзиши Ӯзбекистон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Дар доираи ҳамин робитаҳои ҳамкрории дуҷониба варзишгарони Тоҷикистон низ ба мусобиқаи кушоди шаҳри “Бухоро – 2022”  оид ба ҷиу-ҷитсу даъват шудаанд.