Иштироки варзишгарони Федератсияи ҷиу-ҷитсу дар Рӯзи олимпӣ

Варзишгарони Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон дар чорабиниҳои варзишӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии олимпӣ иштирок намуданд. Чорабиниҳои варзишиву солимгардонӣ ба муносибати Рўзи байналмилалии олимпӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи умумиҷаҳонии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпӣ роҳандозӣ гардид. Мавриди зикр аст, ки ҳар сол 23-юми июн ба муносибати барқарор шудани ҳаракати олимпӣ дар шакли муосир дар ҷаҳн Рўзи байналмилалии олимпӣ таҷлил карда мешавад. Дар ин бора моҳи январи соли 1948 дар иҷлоиси 42-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор қабул гардида буд. Мақсади қайд намудани ин сана ҳамчун Рӯзи олимпӣ ин тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста  аз сину сол , ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш мебошад. Гуфта мешавад, ки ба ин васила ҷавонон дар рўҳияи ҳамдигафањмӣ ва рафоқат тарбия карда мешаванд. Барои ба варзишу солимгардонӣ фаро гирифтани насли ҷавон дастпарварони Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон дар ҳамоиши варзишӣ фаъолона иштирок намуданд.