Иштироки Мунис ва Абӯбакр дар AJP TOUR MOSCOW INTERNATIONAL PRO
Санаи 23-юми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба ҷиу – ҷитсу таҳти унвони “AJP TOUR MOSCOW INTERNATIONAL PRO” роҳандозӣ мегардад. Дар қатори дигар варзишгарони рӯйи дунё ду тан аз наврасони тоҷик – Мунис ва Абӯбакр Давлатовҳо низ дар ин чорабинӣ ширкат мекунанд. Мунис Давлатов 8 сол дошта, дар категорияи вазни 24 кг 3 бор қаҳрамони Аврупо оид ба ҷиу – ҷитсу ва 4 маротиба чемпиони ҷаҳон дар навъи ҷиу – ҷитсуи бразилӣ гардидааст. Абӯбакри 7 сола бошад, дар вазни 23 кг ду маротиба унвони қаҳрамони ҷаҳонро дар навъи ҷиу – ҷитсу моли худ кардааст. Ин ду варзишгари навраси кишвар таҳти роҳбарии Зоир Пиров ба ин мусобиқа сафарбар мегарданд.