Иштироки дастпарварони ҷиу-ҷитсу дар рӯзи бехатарии варзиш

Варзишгарони Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-уми августи соли 2021 зимни ташкили як ҷамъомади тантанавӣ,  аз рӯзи умумиҷаҳонии бехатарии варзиш истиқбол карданд. Ҷорабинии мазкур дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  баргузор гардид, ки дар он дастпарварони риштаи ҷиу-ҷитсу рӯзи бехатари варзишро ҷашн гирифтаанд. 8-уми август созмонҳои варзишии саросари ҷаҳон Рӯзи бехатари варзишро таҷлил карданд. Рӯзи бехатарии варзиш аз ҷониби созмонҳои байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар щамбастагь бо беш аз 60 Федератсяҳои варзишӣ  бо мақсади бехатар сохтани варзиш барои кӯдакон истицбол карда шуд.