Густариши ҳамкориҳо барои рушди варзиши ҷиу-ҷитсу

Дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу миёни ҷавонон намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар, роҳбарияти Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквандо ва мураббиёни ҷиу-ҷитсу ширкат варзиданд. Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон ба кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Суҳроби Акбаршоҳ ва Шаҳло Муҳаммадраҳимова, директори  Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквандо Набизода Ҳалим ва модари қаҳрамони ҷаҳон миёни наврасон Мансурчон Сабуров – Назира Сабурова барои ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои пайвастаашон  дар самти рушди ин намуди варзиш сипоснома тақдим намуд.  Ҳамчунин ба як қатор варзишгарони фаъоли Федератсияи мазкур низ ҷоизаҳои махсус тақдим шуд.