Феҳристи доруҳои мамнуъ барои варзишгарон интишор шуд

Кумитаи байналмилалии зиддидопингӣ феҳристи доруҳоеро, ки истифодааш барои варзишгарон маън аст, нашр кард. Рӯйхати доруҳои мамнӯъ аз рӯзи якуми январи соли 2022 эълон гардид, ки донистани ҳар яки он барои варзишгарону мураббиён ва табибони соҳаи варзиш шарт ва зарур дониста мешавад. Зеро дар сурати истифодаи онҳо варзишгар аз ҳақи иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба муҳлатҳои гуногун маҳрум карда мешаванд. Феҳристи доруҳои манъгардидаро пешниҳод месозем.