Эълони расмии Федератсияи милли ҷиу-ҷитсу

Федератсияи милли ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати мураббиёну варзишгарони ин намуди варзиш мерасонад, ки аз санаи 3-ум то 11-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Абу-Дабии АМА ҷемпионати ҷаҳони расмӣ байни давлатҳо оид ба ҷиу-ҷитсу доир мегардад ва ҳамзамон аз санаи 14-ум то 17- ум бошад, чемпионати чаҳон байни Академияҳо ва кулубҳо сурат мегирад. Барои иштирок дар ин мусобиқаҳои сатҳи баланд мураббиёни Федератсияи милли ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки  барои иштироки дастпаварони худ дар чемпионатҳои дар боло зикргардида ба роҳбарияти Федератсияи милли ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон мурочиат намуда, феҳристи варзишгарони худро пешниҳод созанд. Танҳо бо роҳи ҳуҷатгузории дуруст, мукаммал сохтани ҳайати мунтахаби ҷиу-ҷитсуи кишвар ва сафарбар намудан ба шаҳри Абу-Дабӣ мо метавонем ба натиҷаи дилхоҳ даст ёфта, саҳми худро дар муаррифии Ватани азизамон гузорем.  Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 7-уми октябри соли 2021.