Душанбе беҳтаринҳои ҷиу-ҷитсуро ба ҳам меорад

Ба диққати мухлисону дӯстдорони варзиши ҷиу-ҷитсу расонида мешавад, ки рӯзи 22-юми ноябри соли 2020 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ин риштаи варзиши зебо миёни ҷавонон баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур ҳайати тамоми дастаҳои мунтахаби ҷавонони шаҳру ноҳияҳои мамлакат даъват шудаанд. Қувваозмоиҳо дар толори “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквандо” баргузор мешаванд. Оғози мусобиқа соати 9 00.