5 медали дастпарварони ҷиу-ҷитсуи тоҷик аз чемпионати ҷаҳон байни академия ва клубҳо
Дар шаҳри Абу-Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб чемпионати ҷаҳон байни академия ва клубҳои варзишии риштаи ҷиу-ҷитсу баргузор гардид. Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои иштирок дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беҳтарин дастпарварони клубҳои варзишии худро сафарбар намуда буд. Тоҷикистонро дар ин сабқати сатҳи ҷаҳонӣ 7 варзишгар намоядангӣ карданд. 5 варзишгари риштаи ҷиу-ҷитсу ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ даст ёфтанд, ки аз ҷумла Маҳмадализода Билол зинаи аввал ва барандаи нишони тилло гардид. Ҳамчунин Раҳмихудоев Хушвахт зинаи дуюм ва Боймуродов Комил, Суфиев Қосимҷон, Сулаймонов Фараҳзод ба гирифтани мақоми сеюми ифтихорӣ ва нишонҳои биринҷии мусобиқа сарфароз гардиданд.
Тавре Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, мусобиқаи мазкур аз ҷониби Федератсияи ҷиу-ҷитсуи АМА ташкил карда шудааст, ки дар он танҳо дастпарварони академия ва клубҳои варзишии ҷаҳон ширкат карда метавонанд. Мусобиқа бо мақсади тарғиби ин намуди варзиши бразилӣ ва омода гаштани беҳтарин варзишгарони ҷаҳон ба мусобиқаҳои байналмилалии дарпешистода роҳандозӣ гардидааст.