Дар шаҳри Дананги Ветнам парчами Тоҷикистон афрохта шуд

Ҳангоми баргузории маросими расмӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳаи Бозиҳои 5-уми соҳилии Осиё барафрохта шуд. Ин бозиҳо дар шаҳри Дананги Ветнам аз 24-умсентябр то 3-юми октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, ду варзишгари Тоҷикистон, Нурсултон Бозоров ва Абдуғафур Абдуллоев дар риштаи ҷиу ҷитсу иштирок хоҳанд кард.

Қарор аст дар панҷумин бозиҳои соҳилии Осиё ҳудуди 5 ҳазор варзишгар аз 43 кишвари қораи Осиё дар 22 намуди варзиш байни ҳам рақобат намоянд. Ҳамчунин дар шаҳри Дананг асамблеяи кулли Шӯрои олимпии Осиё низ баргузор мешавад, ки дар он Муҳаммадшо Абдуллоев Кумитаи милли олимпии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Қайд менамоем, ки варзишгарони тоҷик дар чорумин бозиҳои соҳилии Осиё дар кишвари Тайланд як медали тилло ва ду биринҷӣ касб карда буданд.