Душанбе мусобиқаи байналмилалии AJP-PRO JIU-JITSU-ро мизбонӣ мекунад

Ба диққати дӯстдорони ҷиу-ҷитсу расонида мешавад, ки рӯзи 26-уми июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии AJP-PRO ҷиу-ҷитсу баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа иштироки варзишгарон аз тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ, ҳамзамон мунтахаби Ӯзбекистон дар назар аст. Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон мусобиқаи мазкурро дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи байналмилалии ин ришати варзиш ҳамасола дар Душанбе ташкил мекунанд. Мусобиқаи байналмилалии AJP-PRO оид ба ҷиу-ҷитсу дар доираи ҳамкориҳои мутақобиланд судбанди Федератсияи байналмилалии ин ришати варзиш бо Федератсяи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мақсади роҳандозии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани дараҷаи варзишии дастпарварони мактаби ҷиу-ҷитсуи тоҷик ва мавқеъ пайдо намудани варзишгарони кишвари мо дар феҳристи беҳтарин варзишгарони ҷаҳон мебошад.