Дар Баҳрайн чемпионати Осиё оид ба ҷиу-ҷитсу оғоз гардид

Имрӯз дар кишвари Баҳрайн чемпионати Осиё оид ба ҷиу-ҷитсу оғоз гардид. Ин мусбиқа аз 28-ум то 31-уми марти соли ҷорӣ идома мекунад. Ёдовар мешавем, ки ғолибон ва ҷоизадорони чемпионати мазкур роҳхати Бозиҳои Олимпии Осиё 2022-ро ба даст меоранд. Тоҷикистонро дар Баҳрайн ду варзишгар Фарҳоди Фаррух дар вазни 56 кг ва Назарзода Маъруфҷон дар вазни +94 кг муъарифӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки дар баробари чемпионати Осиё оид ба ҷиу-ҷитсу, ҳамзамон Ассамбляи генералии Федератсияи Осиё оид ба ҷиу-ҷитсу  дар соли 2022 доир гардид, ки дар кори он Президенти Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Алиҷон Давлатов иштирок ва суханронӣ намуд.