Пойтахти кишвар мизбони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу мегардад

Ба диққати дӯстдорони варзиши мамлакат расонида мешавад, ки рӯзи 20-уми декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни калонсолон баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа иштироки варзишгарон аз тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ дар назар аст. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсу чемпионати мазкурро ҳамасола баргузор мекунанд. Мақсади роҳандозии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани дараҷаи варзишии дастпарварони мактаби ҷиу-ҷитсуи тоҷик ва мукаммал сохтани ҳайати мунтахаби асосии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу мебошад.