Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу-2020

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар дар тақвими баргузории мусобиқаҳои худ давоми солҳои охир чемпионати кишвар оид ба варзиши бразилии ҷиу-ҷитсуро низ шомил намудааст. Дар ҳамин замина ҳамасола ин мусобиқа дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсу роҳандозӣ мешавад. Дар толори мактаби чумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквондо чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиши ҷиу-ҷитсу сурат гирифт. Бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, роҳбарияти Федератсияи миллии ҷиу ҷитсуи кишвар ва варзишгарону мураббиёни ин намуд маросими кушодашавии чемпионат баргузор гардид. Дар аввал ба 10 тан аз беҳтарин варзишгарони федератсияи мазкур  камарбандҳои дараҷаи баландтар тақдим шуд. Дар рақобатҳо дар маҷмуъ наздики 200 варзишгар аз тамоми манотиқи кишвар барои соҳиб шудани унвони қаҳрамонӣ ба ҳам омаданд.    Тавре роҳбари Федератсия миллии ҷиу ҷитсу Алиҷон Давлатов изҳор дошт, ҳарчанд дастпарварони мо имсол дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо сабаби ба ҳамагон маълум ширкат накарданд, аммо бо ташкили ин чемпионат мо тими миллиро барои соли оянда мукаммал сохта, умедворем, ки дар соли оянда  иштирокчии як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ мегардем.

Рақобатҳо миёни калонсолон аз рӯйи 7 вазн ҷараён гирифтанд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба кӯдакону наврасон ва ҷавонони аз 18 сола поён низ имкон дода шуд, ки дар майдон ҳунари худро нишон диҳанд. Аз рӯи ин намуди варзиш, ки шомили бозиҳои осиёӣ мебошад, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ намояндагиҳо таъсис ёфтаанд ва дар чемпионат на танҳо варзишгарони пойтахт, балки намояндагони шаҳру ноҳияҳо низ ҳунарнамоии ҷолиб карданд.Баъд аз рақобатҳои сахту сангин ғолибони  Чемпионати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ муайян гардиданд, ки аз ҷониби Федератсияи миллии ҷиу ҷитсу бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. Ҳамакун чемпионҳои ҷадид ба ҳайати яккачини кишвар ҷалб шуда, барои иштирок дар бозиҳои назди соҳилӣ, чемпионати ҷаҳон, чемпионати Осиё ва бозиҳои дохили толорӣ, ки баргузориашон дар соли 2021 пешбинӣ шудаанд, омодагӣ мебинанд.