Чемпионати шаҳри Душанбе оид ба ҷиу–ҷитсу

Ба ифтихори рӯзи модарон Федератсияи миллии  ҷиу – ҷитсуи Тоҷикистон мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба ин риштаи варзишро миёни ҷавонон наврасон ва калонсолон доир намуд. Дар мусобиқа наздики 200 варзишгар аз тамоми манотиқи кишвар ширкат варзиданд. Дар маросими кушодашавии чорабинӣ намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт ва роҳбарияту мураббиёни Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсу ширкат варзиданд. Саравал як қатор варзишгарони фаъоли Федератсияи ҷиу-ҷитсу бо ҷойза ва камарбандҳои дараҷаи баландтар ва шаҳодатномаи номзад ба устои варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди ҷиу-ҷитсу сарфароз гардонида шуданд.  Рақобатҳо миёни иштирокчиён ҷолибу диданӣ ва дар ҳузури мухлисони зиёд сурат гирифт, ки иштироки зиёди варзишгарон гувоҳи он аст, ки ин намуди варзиши бразилӣ низ дар Тоҷикистон рӯз то рӯз нуфузу манзалати бештар пайдо мекунад.