Чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба ҷиу-ҷитсу
Ба диққати мухлисону дӯстдорони варзиши ҷиу-ҷитсу расонида мешавад, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 30 солагии Истиқлолияти далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 7-уми марти соли 2021 мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба ин риштаи варзиши зебо баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур иштироки ҳайати тамоми дастаҳои мунтахаби шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назар аст. Аз тамоми роҳбарони филялҳо ва мураббиёни намуди ҷиу-ҷитсу эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳайати дастаи худро барои иштирок дар ин чорабинии варзишӣ – солимгардонӣ омода ва сафарбар намоянд. Қувваозмоиҳо дар толори “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквандо” баргузор мешаванд. Оғози мусобиқа соати 9 00.