Чемпионати кушод оид ба ҷиу-ҷитсу миёни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон доир мешавад.

Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати мураббиёну варзишгарон мерасонад, ки санаҳои 13- 15-уми январи соли 2023 дар ШНТМ – ноҳияи Рӯдакӣ  ҷемпионати кушоди Тоҷикистон  оид ба ҷиу-ҷитсу байни наврасон ва ҷавонон доир мегардад.

Мураббиёни Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки  барои иштирок дастпаварони худ дар чемпионат  омода намоянд. Дар рақобатҳо иштирокчиёни аз 10 сола  боло иштирок карда метавонанд.

Ёдовар мешавем, ки мусоиқа дар сину сол ва вазнҳои гуногун баргузор мешавад.

Барои гирифтани маълумоти бештар ба  роҳбари Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Алиҷон Давлатов муроҷиат намед.