Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида кай баргузор мешавад?

Шӯрои Олимпии Осиё эълон намуд, ки Бозиҳои VI осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки тибқи нақша аз 21 то 30 майи соли 2021 дар Бангкок баргузор мешуд, ба мавқуф гузошта шуданд.  Шӯрои Олимпии Осиё  имрӯз 14-уми январ бо эълони як изҳорот расмӣ иқрор шуд, ки вазъи пандемияи глобалии COVID-19 маҳдудиятҳои сафар ва протоколҳои тандурустӣ мушкилотҳоро дар саросари қора ба миён гузоштааст.  Ба ҳамин хотир Бозиҳои 6-уми осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размии тибқи қарори нави Шӯрои олимпии Осиё аз 10-ум то 20-уми марти соли 2022 баргузор мешавад. Ин тасмим пас аз муҳокимаи амиқи Шӯрои Олимпии Осиё бо Кумитаи миллии олимпии Таиланд, инчунин Кумитаи шашуми ташкилии бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ қабул карда шуд. Қарори мазкур ба манфиатҳои ҳама кумитаҳои баргузоркунандаи ин чорабинии бонуфузи варзишӣ ва таъмини амният ва саломатии варзишгарону дигар  иштирокчиён рӯи даст гирифта шуд.