Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиёӣ ба вақти дигар гузаронида шуд

30 декабри соли 2020 Шӯрои олимпии Осиё эълон намуд, ки Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё, ки мебоист аз 2-ум то 10-уми апрели соли 2021 дар шаҳри Саняи Чин баргузор мешуд, ба мавқуф гузошта шуд. ШОО рӯзи 30 декабр бо пахши як изҳорот гуфт, ки вазъи пандемияи глобалии COVID-19, маҳдудиятҳои сафар ва протоколҳои солимӣ дар саросари қора, боиси таъхир гардидани ин чорабинии муҳими варзишӣ шуд. Замони баргузории Бозиҳои 6-уми соҳилии ШОО кай багузор мешавад то ба ҳол маълум нест ва он пас аз машварати муштараки ҷонибҳои манфиатдор муайян карда мешавад. Қабл аз ба таъхир гузоштани чорабинии мазкур ШОО бо тамоми аъзои Раёсат машварат кард, то розигии онҳоро дар бораи ба таъхир андохтан қабул кунад ва иқдоми мазкукур  бо мақсади ҳифзи сломии варзишгарону мураббиён ва дигар маъсулони соҳа якдилона пазируфта шуд. Қарори Шӯрои иҷроияи ШОО пас аз муҳокимаи амиқи Шӯрои олимпии Осиё, Кумитаи олимпии Чин ва Кумитаи ташкилии бозиҳои соҳилии Саня (SABGOC) бароварда хоҳад шуд.  Қарори мазкур  барои манфиати муштараки ҳама кумитаҳои миллии олимпӣ, таъмини амният ва саломатии варзишгарон ва дигар иштирокчиён равона шудааст.Шӯрои олимпии Осиё минбаъд низ вазъро пайгирӣ мекунад ва дар ҳалли масъалаҳо бо ҳама ҷонибҳои манфиатдор ҳамкории зич намуда, санаи ояндаи Бозиҳои VI-уми соҳилии Осиёро муайян мекунад. Бозиҳо ибтидо бояд аз 28 ноябр то 6 декабри соли 2020 баргузор мешуданд, вале ба апрели соли 2021 баргардонида шуданд.

Soldiers carry the flag of the Olympic Council of Asia during the opening ceremony of the 3rd Asian Indoor Games in Hanoi October 30, 2009. The games, hosted by Vietnam, will take place from October 30 to November 8. REUTERS/Kham (VIETNAM SPORT MILITARY) – RTXQ66Y