Бозгашти мунтахаби ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо дастовардҳои арзанда аз Чемпионати Ҷаҳон

Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу баъд аз иштирок дар Чемпионати Ҷаҳони расми байни чавонон ва калонсолон ба Ватан баргашт. Ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ бо иштироки намояндагони беш аз 60 кишвари дунё  сурат гирифт. Аз ҳайати тими миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон як чанд варзишгарон ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ даст ёфтаанд.

Варзишгари умедбахши тоҷик  Муҳаммадсолеҳ Баротов дар вазни 50кг байни ҷавонон ба гирифтани мақоми аввал ва нишони тиллои Чемпионати ҷаҳон-2021 даст ёфт.

Дар байни духтарони ҷавон Гадоева Фотимахон дар вазни 48кг зинаи дуюмро ишғол намуда, барандаи медали нуқра гардид. Ҳамчунин  Сабуров Мансур, Набиев Сунатулло, Ибодулло Ибодов ва Мирзоев Фаизалӣ ба гирифтани мақоми сеюми ифтихорӣ даст ёфтаанд.

Дар Чемпионати Ҷаҳон оид ба намуди ҷиу-ҷитсу рақобатҳо байни варзишгарони дорои имконияти ҷисмонияшон маҳдуд низ доир шуд ва дар он ягона намояндаи Тоҷикистон Абдуманон Раҳимов дар вазни 77кг дар чемпионати ҷаҳонӣ расмӣ нишони нуқраро ба гардан овезон кард. Ҳамзамон ин варзишгари тоҷик дар мусобиқа байни Академия ва клубҳо медали тилло ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати Ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу байни ҷавонону калонсолон ва ҳамзамон дар сабқатҳои байни Академия ва клубҳои риштаи ҷиу-ҷитсу имсол 16 варзишгар ва се мураббӣ Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.