Бозгашти ҷиу-ҷитсучиён бо 4 медал аз шаҳри Дубай

Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳиди Араб чемпионати Осиё миёни дастаҳои Академия ва даставу клубҳои варзишии ҷиу ҷитсу баргузор гардид. Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсу низ варзишгарони тоҷикро дар ҳайати 6 нафар ба ин мусобиқа сафарбар намуд, ки парчамбардорони миллат бо 4 медал аз ҷумла 3 тилло ва як биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.  Дар Чемпионати Осиё миёни академияҳо ва клубҳои ҷиу ҷитсуи минтақавӣ Тоҷикистонро Комил Боймуродов, Қосимҷон Суфиев, Самариддин Маҳмадализода, Билолиддин Маҳмадализода, Ҷовидон Умаров, Абдурҳамонов Самандар ва дигар варзишгарон  муъарифӣ карданд.

Самариддин Маҳмадализода, (55кг), Билолиддин Маҳмадализода (62 кг) ва Умаров Ҷовидон (55кг) барандаи нишони тилло ва чемпиони мусобиқа гардиданд.  Ҳамзамон Абдурҳамонов Самандар мақоми ифтихории сеюмро ба даст  овард.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Абудабии АМА Чемпионати Осиё миёни дастаҳои мунтахаб доир мешавад, ки варзишгарони тоҷик барои иштирок дар он омодагӣ мебинанд.