Беҳтарин ҷиу-ҷитсучиёни наврас муайян мешаванд

Ба диққати дӯстдорони варзиши мамлакат расонида мешавад, ки бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ рӯзи 20-уми июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни наврасон баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа иштироки варзишгарон аз тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ дар назар аст. Дар ҳамин замина Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсу ба тамоми мураббиён ва роҳбарони филиалҳо хоҳиш карда мешавад, ки варзишгарони худро барои иштирок дар ин мусобиқа сабти ном кунанд. Мақсади роҳандозии он тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани дараҷаи варзишии дастпарварони мактаби ҷиу-ҷитсуи тоҷик ва мукаммал сохтани ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу мебошад.