Барои иштирок дар чемпионати ҷаҳони ҷиу-ҷитсу омода мешавем

Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати мураббиёну варзишгарон мерасонад, ки аз санаи 29-ум то 8-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Абу-Дабии АМА ҷемпионати ҷаҳони расмӣ байни давлатҳо оид ба ҷиу-ҷитсу доир мегардад.  Барои иштирок дар ин мусобиқаҳои сатҳи баланд мураббиёни Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки  барои иштироки дастпаварони худ дар чемпионат  ба роҳбарияти Федератсияи милли ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон мурочиат намуда, ному насаби варзишгарони худро пешниҳод созанд. Ҳайати мунтахаби ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон қабл аз сафар ба Абу-Даби бояд ҳуҷатгузории дуруст ва мукаммал бошад. Ёдовар мешавем, ки иштирокчиёни чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу имкон доранд, ки имтиёзҳои ретингӣ ба даст оваранд. Барои гирифтани маълумоти бештар ба  Шумо роҳбари Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Алиҷон Давлатов кӯмак мерасонад.