Баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу миёни ҷавонону нарасон баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур аз ҷониби Федератсияи миллии ҷиу ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, дар он наздики 200 варзишгар аз тамоми манотиқи кишвар ширкат варзиданд. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ як қатор варзишгарони Федератсияи мазкур бо шаҳодатномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе оид ба номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Мусобиқа як рӯз идома намуд, ки дар он варзишгарон дар вазнҳои худ ҳунару маҳоратсанҷӣ карданд. Иқдоми мазкур бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав аз миёни наврасону ҷавонон ва шомил намудани онҳо ба узви мунтахаби ҷиу-ҷитсуи кишвар маънидод карда шуд.