Баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни ҷавонон

Ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи миллии  ҷиу-ҷитсу дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ин риштаи варзиш миёни ҷавононро доир намуд. Мусобиқаи мазкур таҳти унвони «Парчам – рамзи давлатдорӣ» миёни ҷавонон баргузор гардид. Дар мусобиқа 175 варзишгар аз тамоми манотиқи кишвар ширкат варзиданд. Рақобатҳо аз рӯи ду намуди варзиши ҷиу – ҷитсуи бразилӣ  “ги” ва “ноки” сурат гирифтанд. Дар  баробари варзишгарони шаҳри Душанбе, инчунин намояндагон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ШНТМ фаъолона ширкат варзиданд.