Алиҷон Давлатов: Муҳофизати муҳити зист вазифаи ҳар яки мост

Бо ташаббуси Федератсияи умумиҷаҳонии Ҷиу-Ҷитсу семинарии байналмилалӣ оид ба Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист (World Environment Day 2021) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа тамоми аъзоёни ин ниҳоди варзишии бонуфуз, аз ҷумла роҳбари Федератсияи милли Ҷиу-Ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Алиҷон Давлатов низ иштирок намуд. Давлатов дар масъалаи муҳити зист дар Тоҷикистон (on the Environment in Tajikistan) баромад намуда, назару андешаҳои худро роҷеъ ба ин мавзуъ бештар аз 3 дақиқа баён намуд.