Алиҷон Давлатов илмро бо варзиш муттаҳид мекунад

Раиси Федератсияи милли Чиу-Читсуи Чумхурии Точикистон, дорандаи камарбанди смех дани 2 ва устоди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Ҷиу-Ҷитсу – Алиҷон Давлатов ҳамчунин ба ҳайси устоди калон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба тарбияи кадрҳои баландихтисос низ машғул аст. Рӯзи-13-уми фервали  соли 2021  муаллими калони  кафедраи “Баҳисобгирии бухгалтерӣ  ва аудит”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон –  Давлатов Алиҷон Азизбекович муҳокимаи диссертатсияи худро дар мавзӯи “Развитие теории и практики раскрытия и представления финансовой информации в банковском секторе (На примере кредитных учреждений Республики Таджикистан)” аз рӯи ихтисоси баҳисобгирӣ ва аудит сарбаландона дифоъ намуд!      Ҳайати омӯзгорони кафедраи “Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит” инчунин  тамоми    кормандону донишҷӯёни  донишгоҳ ба қадамҳои устувор гузоштан дар самти илм ба эшон муборакбоду таҳният гуфта, дар кору фаъолият ва таҳқиқотҳои минбаъдааш бурдворию комёбӣ  таманно карданд.  Аличон Давлатов дар баробари варзишкору мураббии хуб будан, инчунин ба корҳои илмӣ низ майл дошта, дар самти омода намудани мутахассисони ҷавон саҳми арзанадаи хешро мегузорад.