Алиҷон Давлатов барои панҷ соли дигар Президенти Федератсяи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд

Дар Баҳрайн асамбляи генералии осиёӣ оид ба чиу-читсу дар соли 2022 баргузор гардид. Дар кори ин ҷаласа Президенти Федератсяи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураббии шоистаи Тоҷикистон – Алиҷон Давлатов  Азизбекович иштирок намуда, доир ба натиҷаи кори Федератсияи мазкур ва рушду инкишофи ин риштаи варзиш дар Тоҷикистон маъруза намуданд.  Баъд аз анҷоми ин ҳамоиши сатҳи баланд, ҷониби Федератсияи байналмилали ҷиу-ҷитсу ва иттиҳодияи Осиёи  ин риштаи варзиш, Президенти Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсу Ҷумхурии Тоҷикистон Давлатов Аличонро барои панҷ соли дигар дар мақоми худ интихоб кардаанд.  Дар ин миён Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як созмони фаъоли ҷамъиятии варзишӣ аъзои Федератсияи байналмилалии ҷиу-ҷитсу ва Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё, инчунин узви созмонҳои байналмилалӣ эьтироф карда шуд. Баъд аз он варзишгарони тоҷик бидуни мушкилӣ иштироки худро дар чемпионатҳои ҷаҳону Осиё ва дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ идома хоҳанд дод.