Мусобиқаҳои ҷиу-ҷитсу бо қоидаҳои нав баргузор мешаванд.

Рӯзи 15-уми январи соли 2023 бо ҷалби тамоми аъзоёни ҷиу-ҷитсуи ҷаҳон семенари машваратию омӯзшӣ дар масъалаи тағйиру иловаҳо дар мавриди қоидаҳои ин риштаи варзиш баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки Федератсияи байналмилалии ҷиу-ҷитсу дар баробари наҷоми сол, мусобиқаҳои гузаштаро  натиҷагирӣ намуда, ҳамзамон баҳри боз ҳам беҳтару ҷолибтар гардидани ин намуд, ба қоидаҳои он тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Вобаста ба ин коршиносони соҳа семенар-машваратро миёни аъзоёни ҷиу-ҷитсу анҷом доданд, ки дар он президенти Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон  Давлатов Алиҷон иштирок намуда, аз тартибу низом ва қоидаҳои нави варзиши ҷиу-ҷитсу бохабар гардид.

Дар соли 2023 ҷиу-ҷитсучиёнро зарур аст, ки аз навгониҳои варзиши мазкур бохабар гардида, дар мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ бо қоидаҳои нав ҳунарнамоӣ кунанд.