Чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба ҷиу-ҷитсу

Ба диққати дӯстдорони варзиш, ба вижа намуди ҷиу-ҷитсу расонида мешавад, ки бахшида ба РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ  рӯзҳои 4-ум ва 5-уми июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа иштироки варзишгарон аз тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ дар назар аст. Дар ҳамин замина Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсу ба тамоми мураббиён ва роҳбарони филиалҳо хоҳиш карда мешавад, ки варзишгарони худро барои иштирок дар ин мусобиқа сабти ном кунанд. Мақсади роҳандозии чемпионати кушоди шаҳри Душанбе тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани дараҷаи варзишии дастпарварони мактаби ҷиу-ҷитсуи тоҷик ва мукаммал сохтани ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу мебошад. Ғолибони мусобиқа ба ҳайати мунтахаби шаҳри Душанбе шомил мешаванд.