11 варзишгари тоҷик дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу баромад мекунад
Дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттахидаи Араб чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу баргузор мешавад. Ин мусобиқа дар ду равия аз 27-уми октябр то 8-уми нобяр миёни мунтахабҳои расмӣ, аз 11-ум то 19-уми моҳи нобяр бошад, рақобатҳо байни дастпаварони клубҳо ва Академияҳои ин риштаи варзиш сурат мегиранд. Ба иттилои президенти Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон – Алиҷон Давлатов дар ин мусобиқа 11 варзишгар иштирок мекунад. Ҳайати якачини Тоҷикистон аз ҳисоби устоди Варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади устоди варзиш, Устоди дарачаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва қаҳрамонҳои ҷаҳону Осиё муакаммал карда шудаанд.
Сунатулло Одинаев дар вазни 46кг.
Муҳаммадҷон Хоҷаев 56кг.
Ибодов Ибодулло 56кг.
Рошид Нематов 73кг.
Назарзода Маъруфҷон 94кг.
Ҳамзамон дар миёни ашхоси дорои имконияти ҷисмонияшон маҳдуд (пара ҷиу-ҷитсу) – Абдуманон Раҳимов дар вазни 77кг Тоҷикистонро муъарифӣ мекунад.
Мунтахаби кишвари моро дар чемпионати ҷаҳон Президенти Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Давлатов ҳамроҳӣ хоҳад кард.