10 медали варзишгарон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу

Дар шаҳри Абу-дабии АМА, 27-уми октябр то 10-уми ноябр дар Амороти Муттҳадиаи Араб чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиуҷитсу миёни беш аз 65 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик таҳти роҳбари раиси Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Алиҷон Давлатов ширкат варзиданд.

Аз ҷумла Одинаев Сунатулло нишони биринҷӣ ба даст оварда, нишони дуюми биринҷии Тоҷикитонро Раҳимов Абдуманон дар байни варзишгарони имкониятҳои ҷисмонии маҳдуд дошта ишғол намуд.

Ҳамзамон баъд аз Чемпионати ҷаҳони расмӣ, боз чемионати ҷаҳон байни клубҳо ва академияи варзишии ришти ҷиу-ҷитсу низ ташкил ва баргузор шуд, ки дар он низ варзишгарони Тоҷикистон иштирок намуда, дар ду мусобиқа ба ба гирифтани 10 медал ноил гардиданд. Бояд гуфт, ки дар чемпионати ҷаҳони расмӣ, ки ба иштирокчин имтиёз барои  радабандии беҳтаринҳои ҷаҳон медиҳад, дастпаварони мактаби ҷиу-ҷитсуи кишвари мо сазовори зинаҳои сеюми ифтихорӣ шуданд.

Дар ин миён Чемпионати ҷаҳон миёни академия ва клубҳои ҷиу-ҷитсу низ дар сатҳи баланд сурат гирифт ва варзишгарони тоҷик соҳиби ду тилло, як биринҷӣ ва 6 нуқра шуданд.

1.Сиёвуш Муқимов

1. Абдукарим Самадов

2. Нозия Қосимова

3.Сангинов Муҳаммад

3.Хоҷаев Муҳаммадҷон

3.Назарзода Маруфҷон

3.Шоимов Некрӯз